|
Сахифаи
Точики
Чашни Навруз
20 Mar 2007
ШОДМОН ЮСУФИ
Чашни Навруз- чашни боззои олами мавчуд,чашни соли Нав ба так так хаммеханони хучаста бод. Навруз па¸мовари ком¸бихо, муждадихандаи сафо,мехрубони,ишк ва самимият. Навруз чашни мардуми.чашни хезишхои милли бар алайхи ахриман ва нируи Заххоки он низ мебошад........ Дар фарханги кадими ва милли мо дар баробари паймони ахриман ки дар асоси ин паймони нангин Заххоб бо фармони ахриман корхои зишт ва зидибашари анчом медихад, инсонхоро ба коми марг меафканад,бо хостахо ва андешаи фархани ва си¸сии милли мо мухолифат бармехезад....харчое ки мантакаи нуфузии ахриман аст он чо пойгоххи чанг ва мушак,майдони корзори заххокон аст.Чун паймони ахримани бархурдор аз мутлакият ва инсонситези аст ва фарраи нест фарханги милли мо ки фарханги тамаддунсози ва бо фарханг,яъне бо шарафи инсони ва бурдбори ва зиндагиро дустдоштан,суруду зубоиро парастидан,ва барои зиндагии инсонона набард намудан аст,ичоза медихад дар баробари нирухои ахримани ва заххоки морон даст ба саркаши зада то нобудии ахриман ва барандохтани Заххок мубориза намояд.
Читать дальше...
[comheader] Комментарии: 0[/comheader]
Дар хошияи доркашии диктатур Саддом Хусейн
29 Jan 2007
ШОДМОН ЮСУФЙ
30.12.06. Тибки раволи хамешаги соати 5.30 дакикаи бомдод аз хоб хестам,сарфи субхона намуда, хостам аз оинаи чахоннамо, ахбори рузро бишнавам.Маъмулан дар субхи рузхои шанбе барои дар¸фти тозатарин ахбор аз ду канали телевизионии NTV, CNN истифода мекунам. Харду ин шабакаи хабаррасони аз эъдоми Саддом Хусайн ахбор ва тафосири мустаким пахш мекарданд. Ман аз он лахза то замоне ки ин сатрхо пахш мешаванд матолибу гузоришхо ва маколахои мухталифе ки дастрам шудандро мутолиа ва дар дафтари хотираам сабт намудам. Ин корро барои худам анчом додаам ва то чанде пеш, касди пахши ин ¸дошт ва андешахоямро надоштам. Ба таври хеле кутох рузи 30.12.06 аввалин вокунишамро ба¸н доштам ва яке аз дустон он чанд калимаро дар кадом сайте пахш намуданд.
Чанде пеш хаммехани точикам ба ман занг зад ва бо ибрози хушхолии амик аз ба дор овехтани президенти Ирок мегуфту орзуи онро мекард, ки он рузе хохад расид ки точикон саркотилашонро боздошт намуда, у ва ¸ронашро барои чиноят алайхи башарият, чун Саддом ба дор хоханд кашид...
Ман шадидан ба ин хаммехани бис¸р мехрубонам аз шеваи мучозоти президенти Ирок Саддом Хусайн ибрози норизоят ва хатто эътироз кардам. На ба хотири он ки худое накарда, ба Саддом Хусайн ¸ саркотили точикон окои Э. Рахмонов эхтиром ¸ дилсузие дошта бошам. Ин бахс бо хаммеханам ва он чанд сатри кутохе ки дар рузи анчоми катли Саддом Хусайн байн карда будам ки баъдан, на вобаста аз ман ва навиштахои ман, аз суи шахсиятхои барчастаи дун¸ ба таври бехтар ва амиктар гуфта ва навишта шуданд, маро водор намуд, ки чанд чумлаеро аз дафтари ¸доштам пешкаши хаммеханони азизам, карда бошам.
30.12.06 CNN. Аз канали CNNN мушовири «дувлати»-и сарвазир Нури ал-Малики окои Равои аз анчоми ба дор овезии Саддом Хусайн ба таври нисбатан муфассал хабар медихад.
Читать дальше...
[comheader] Комментарии: 1[/comheader]
Натичахои интихоботи Канада ва па¸мадхои эхтимолии он
26 Jan 2006
Сарфи назар аз пурсишхои пешазинтихоботии гуногун натичаи интихоботи парламентии Канада барои шахрвандони Канада боварнокарданй буд. Мардуми ин кишвар, ки аз хамсоякишвари абаркудрати хеш ва дигар кишвархои пешрафтаи инглис ва фаронсавизабони чахон, бештар тахаммул ва дурандеширо дар масъалахои умдаи кишвари серкавму бис¸рмазхаба ва башарй ба кор мебаранд, боварашон намеомад, мухофизакорони «албертой»-и Америкопараст ба ин осонй дастболо мешаванд.
Чаро хизби Либероли Канада интихоботи мазкурро бохт?
Тавре дар як сухбат, вазири накли¸ти Канада Жан Лапиер эътироф намуд, хизби Либерол багочи вазини пешомадагони худро мебурд ва он багоч хизби хукмрони Либеролро ба чанчолхои зи¸д кашонид. Аз дигар тараф, мардуми кишвар аз хокимияти либеролхо, ки дар зарфи 14 соли ахир иктисоду ичтимоъи кишварро ба сатхи баланд баровард, «якрангу хира» хисобида, мехоханд, хокимияти хизби дигареро, ки, ба фикри онхо, бехтар аз хокимияти хизби Либерол хохад буд, бисанчанд. Би¸ед, ба мухофизакорон фурсате дихем то чашмони мардум гушода шаванд, - ба¸н дошт Ж.Лапиер.
Аммо, тавре точикон мегуянд, аз хубтар хубтартар нахохад буд, аз бехтар бехтартар нахохад шуд. Ин нуктаро раъйдихандагони канадагй, сарфи назар аз хушдори доирахои солимфикр ва хизби Либероли Канада, ки мегуфтанд, «пирузии хизби Мухофизакор ва рахбари он Стефан Харпер табассумеро дар руи президенти И¸лоти Муттахидаи Америка Чорч Буш хувайдо хохад кард», ва «С.Харпер ошкоро тарафдори си¸сати чанги Ч.Буш дар Ирок ва Афгонистон ва зидди созишномаи Киото аст» нодида гирифта, ба тарафдории мухофизакорони ситезачуи канадагй овоз доданд.
Бори аввал дар таърихи Канада мухофизакорон дар 10 хавзаи интихоботии вилояти фаронсавизабони Квебек дастболо гашта, кулли Канадаро ба хайрат оварданд. Дар натича, блоки Квебекуа, аз ду чои худ ва хизби Либерол аз беш аз 10 чавкй аз вилояти Квебек дар парламенти федеролй махрум шуданд. Ва шикасти либеролхо боз чунин аламовар намешуд агар дар байни аз мандати парламонй махрумшудагон, ашхоси баландрутбаи хизби Либерол ва хукумати Канада, ба монанди, муовини аввали сарвазир Энн Маклеллан, вазири корхои хоричй Пиер Петегрю ва як катор вазирони хукумати федеролй намебуданд.
Раиси хизби Либерол ва сарвазири Канада Пол Мартин, ки аз минтакаи Ласалли ш. Монреал пируз баромад, эълон кард, ки намехохад аз ин ба баъд рахбарии хизбро бар душ дошта бошад. Изхороти Пол Мартини 67-солаи миллионер ва яке аз барчастатрин симохо дар таърихи си¸сати Канада хизби Либерол ва тарафдоронашро дар холати номуайянй карор дод.
Вакте ки аз яке аз симохои барчастаи хизби Либерол, вазири адлияи Канада Ирвин Котлер пурсидам, агар мухофизакорон идеалхои сермиллати Канадаро ба хариду фуруш гузоранд, хизби Либерол чй хохад кард, вай гуфт, «хизби Либерол чун хизби оппозитсионии парламентии Канада нахохад гузошт то идеалхои Пиер Трюдои бузург ва дигар абармардони Канада тахриф ва ¸ халалдор шаванд. Мо харгиз инро тахаммул нахохем кард...»
Хангоме ки аз дафтари интихоботии Ирвин Котлер берун меомадам, дар куча гайричашмдошт шохиди сухбати чанд нафар аз мухочиртаборони Канада шудам, ки яке ба дигаре мегуфт:
- Ман бо фарзандонам ба хотири Пиер Трюдо ва Ирвин Котлер барин си¸сатмадорони бузург ба Канада хичрат кардам. Агар фардо Стефан Харпер (раиси хизби Мухофизакор ва сарвазири тозаинтихоби Канада – муаллиф) си¸сати тунду якчонибаро шуруъ кунад, мо мачбур мешавем ин кишварро тарк намоем.
- Харгиз мо Канадаро тарк нахохем кард. Канада Ватани мо - бечораву аламзадахост. Мо мебинем, ки чаноби Харпер дар тули 6- мохи аввал чй си¸сатеро пеш мебарад ва агар вай ва хукуматаш си¸сати ситезакориву тундро пеш гирад, мо, хама ба майдонхо мебароем, - изхор дошт чавони дигари монреалй.
Р.Темури¸н,
тахлилгари си¸сй
[comheader] Комментарии: 1[/comheader]
Гирдихамоии оппозитсияи Точикистон дар Лондон
27 Dec 2005
Тибки гузоришхо аз радиои Би-Би-Си, лидерон ва намояндагони оппозитсияи си¸сии Точикистон дар ш. Лондони Британияи Кабир дар як мачлис гирдихам омаданд. Гуфта мешавад, ки дар мулокоти Лондон 17 лидер ва намояндагони оппозитсияи Точикистон, аз чумла, як сарвазир ва чанд вазири собики хукумати Точикистон хам аз дохил ва хам аз хоричи ин чумхурии Оси¸и Ми¸на иштирок намуданд. Сухангуи нерухои оппозитсияи Точикистон Д.Атовуллоев ба радиои Би-Би-Си гуфт, мулокоти мазкур кушишест дар рохи муттахиднамоии лидерон ва намояндагони мухолифи давлати Точикистон дар интихоботи ояндаи ра¸сати чумхурии ин кишвар.
Хамзамон коршиносони умури си¸сии Точикистон дар Канада мегуянд, ки гирдихамоии Лондон кушиши дуюми муттахиднамоии нерухои оппозитсия Точикистон баъди зиндони шудани Мухаммадрузй Искандаров, раиси Хизби Демократи ин чумхурй, яке аз чехрахои барчастаи оппозитсияи си¸сии Точикистон ба шумор меравад.
Коршиносон меафзоянд, интихоботи ояндаи ра¸сати чумхурии Точикистон барои мардум ва давлати Точикистон як навъ санчиши бузург ва душвор дар рохи арч гузоштан ба арзишхо ва рукнхои асосии демократияи Точикистон хохад буд.
[comheader] Комментарии: 1[/comheader]
БАКОЗОДА: МАГАР ОДАМ МЕТАВОНАД ЗОДГОХАШРО Д¡СТ НАДОРАД?
15 Dec 2005
Хиромон Бакозода соли 1975 дар шахри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи точики ДДМТ мебошад. Дар мактаби ми¸наи раками 55 ом¢згори забон ва адаби¸ти точик шуда кор кардааст (1995-1997). Фаъолияти хабарнигориро дар ожонсии иттилоотии «Азия - Плюс» шур¢ь намудааст (1997-2000). Чанд замон корманди дафтари бун¸ди занони СММ - UNIFEM низ будааст (2000-2001). Аз соли 2001 инчониб дар шахри Прагаи Чехия, дар шуъбаи точикии радиои Озодй кор мекунад ва муаллиф ва тахиягари барномаи «Ояндасоз» аст. Соли 2002 оиладор шудааст. Хамсараш хам хабарнигор ва сохиби як ожонсии интернетй мебошад. Падараш – Наримон Бакозода, шоири ширинкаломи точикистонй аст.
- Хиромон, аслан чанд сол аст, ки дар Прага зиндагй мекунед? О¸ дар ин шахри аврупой аз кишваре бо номи Точикистон ¸д мекунанд, ¸ дар борааш чизе медонанд?
- Чор сол мешавад, ки дар шахри Прага зиндагй ва кор мекунам. Дарвокеъ, мардуми Аврупо рочеъ ба Точикистон ва мардуми он иттилои зи¸д надоранд. Маъмулан танхо баьд аз он ки оид ба макони чугрофии кишварамон – яъне хамсоякишвари Афгонистон ва як чузъи чумхурихои минтакаи Оси¸и Марказй будани он маълумот медихед, каме тасаввурот хосил мекунанд. Аммо бо вучуди ин, дар чумурии Чехия хастанд одамоне, ки хан¢з дар замони Ш¢равй аз Точикистон дидор ба амал овардаанд. Ин мардум одатан пазироии гарми мардуми точик, гизохои ширину манзарахои зебои ин кишварро ¸д мекунанд. Боз як бахши хурди дигари сокинони чумхурии Чехия, онхое, ки тачрибаи к¢хнавардиву фатхи куллахои баланди к¢хистонро доранд, бештар аз Бадахшон ¸д мекунанд. Ман чанд аксабардори чехро медонам, ки Точикистонро ба унвони як кишвари хеле зебои дорои табиати нотакрор муаррифй мекунанд. Аммо дар айни замон бо таассуф мег¢янд, ки барои халли мушкилоти иктисодиаш ин кишварро хан¢з як рохи т¢лонй дар пеш аст.
- Хеле хуб аст, ки Шумо кабл дар кишвари Аврупо зиндагй кардан, дар Точикистон таваллуд шуда, хондаву маълумоти олй гирифтаед ва бо ха¸ти чавонони ин кишвар аз наздик ошно хам хастед. Пас, гуфта метавонед, ки бартарии чавонони Аврупо аз чавонони точик дар чист ва ¸ баръакс?
- Аксар чавонони хоричй, аз чумла чавонони Аврупо ба зиндагии худ хеле чиддй назар мекунанд: барномаи зиндагиро тархрезй менамоянд, дар фикри гирифтани дониш ва касби хуби сердаромад мешаванд. Зи¸д са¸хат мекунанд ва ба тахаввулоти си¸сиву иктисодии кишвари худ тавачч¢х доранд. Барои аксар чавонони гарбиву аврупой масьалаи ширкат дар интихобот ва изхори мавкеи худ дар баробари ноадолатихои ичтимой аз эхсоси амики шахрвандй бармеояд. Чавонони точик аз нигохи эхтиром ба суннатхову арзишхои милливу мазхабии хеш аз дигар хамсолони хоричиашон фарк мекунанд. Ва аммо на хамеша ба донишом¢зиву ояндаи худ нигохи чиддй доранд. Дар бис¸р холатхо ба к¢маки нафари дигаре умед мебанданд. - Имр¢з гиройиши чавонони точик ба кишвархои хоричи мутараккй ва ом¢зиши забонхои хоричй то андозае сахт эхсос мешавад.
Читать дальше...
[comheader] Комментарии: 2[/comheader]
ПОСУХ БА СУОЛХОИ САРДАБИРИ МУХТАРАМИ РУЗНОМАИ «РУЗИ НАВ»
13 Dec 2005
Шодмон Юсуфи:
Ба ин суол ман каблан чавоб дода будам ва холо мехохам боз чанд нуктаро бароятон тазаккур дихам:
Аслан Конгресс дар мохи майи с.1991 дар ш.Бишкек таъсис ¸фт ва дар хамон чо ман ба хайси хамраиси Конгресси нерухои демократии Оси¸и Ми¸на интихоб шуда будам. Ба иллати шуруъи чанги тахмилии Русия ва нукарони тахчоии дар Точикистон ,ва ба сари кудрат омадани режими гайриконунии ва точиккуши Э.Рахмонов ва хамчунин зиндони шудани яке аз рахбарони Конргесс – Топчубек Тургуналиев (Киргизистон), ва бо ичбор аз Узбакистон ба хорич табъид шудани яке дигар аз рахбарони Конгресс проф.А.Пулотов (Узбакистон), фаъолияти созмони мазкур халалдор гардид....
Нихоят зимистони соли равон мулокоти сарони Конгресси нерухои демократии Оси¸и Ми¸на баргузор шуд ва тасмим гирифта шуд, ки кори Конгресс бодарназардошти шароити кунунии си¸си ва ичтимои дар минтака бояд идома пайдо кунад. Дар тобистони соли равон дар ш.Берлин мачлиси расмии Конгресси нерухои демократии Оси¸и Ми¸на барпо гашт ва мароми Конгрессро расми намуд... Ман дар чаласаи Берлин ба унвони рахбари ХДТ-Чунбиш ширкат намудам ва на хамчун Раиси Хизби Демократи Точикистон( ХДТ-Чунбиш бештар аз хашт сол аст ки дар берун аз кишвар фаъолияти расми дорад)... Иштироки ман дар ин гирдихамои то охирин лахза норавшан буд, зеро мо бовар доштем, ки намояндахои гули сари сабади си¸сат ва чомеаи Точикистон, аз Ќумла намояндагони хизби Демократии Точикистон тахти сарварии Мухаммадрузи Искандаров ва дигар азхоби демократики си¸сии кишварамон дар кори Конгресс ширкат хоханд кард. Бо далелхои мухталиф намояндагони намояндагони ахзоби демократии Точикистон ва ашхоси си¸си ва фарханги дар ин гирдихамои ташриф наоварданд ва ман бо пешниходи тарафдорони хеш дар чаласаи мазкур хамчун яке аз асосгузорони Хизби Демкорати ва Чунбиши Демократии Точикистон ширкат намудам. Ва охирин вакили Конгресси мазбур ба шумор рафтам, ки дар лахзахои охир вориди Берлин шудам. Ва далели дигари ширкати банда дар кори ин созмон ин буд, ки рахбарияти Конгресс аз кишвархои Оси¸и Маркази иштироки маро хамчун хамраиси Конгресс дар с.1991 зарур ва хатто хатми донистанд
Читать дальше...
[comheader] Комментарии: 4[/comheader]
Искандаров – дарбанди Вазорати амнияти Точикистон
26 Apr 2005
Комбизи Ормон (Kambiz Arman)
Саранчом пас аз нух рузи беному нишонии Мухаммадрузи Искандаров имруз (26 апрел) Бобочон Бобохонов – Додситони кулли Точикистон дар по¸ни як нишасти хабари дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки рахбари Хизби Демукроти Точикистон рузи 22 апрел дар Душанбе боздошт шуда ва хамакнун дар боздоштгохи Вазорати амнияти Точикистон ба сар мебарад. Аммо ин суханони окои Бобохонов, ки ни¸з ба тавзехоти бештар дорад, шоеъоти мухталиферо дар бораи чигунагии боздошти дубораи окои Искандаров доман зада ва пурсишхоеро хам ба ми¸н овардааст: о¸ вокеъан у дар Душанбе боздошт шуда ¸ аз манзили муваккаташ дар хаволии Маскав рабуда шудааст? Вопасин хабаре, ки аз окои Искандаров дар даст буд, ба шаби одина, 15 апрел бармегардад. Ба замоне ки у ба хамрохи сохибхонааш дар шахраки Королево дар хумаи Маскав берун омад, то андаке дар атрофи манзил ва канори рудхонаи махал кадам бизанад, ки мунчар ба нопадид шудани у шуд. Мусалламан, аз канори он рудхона то Душанбе фосилаи андаке нест. У чи гуна ин фосиларо тай кардааст? Сайфуллох Сафаров – аз аъзои саршиноси Хизби Халки Демукроти Точикистон дар мизи гирди Мачаллаи Оси¸и Ми¸наи Би Би Си гуфт, ки бо таваччух ба часорату далерии Мухаммадрузи Искандаров метавон хадс зад, ки вай худаш ба Душанбе баргашта ва ба чанги маъмурони амниятию интизомии Точикистон уфтодааст. Додочони Атоуллох – рузноманигори норозии мукими Маскав ин назарияро комилан бемаъни ва ба дур аз мантик медонад. Вай мегуяд, ки танхо мадраки мувассаки шиносоии Мухаммадрузи Искандаров, яъне санади озодии вай аз боздошти макомоти Русия, дар дасти уст ва Искандаров гузарнома ¸ шиносномае дар ихти¸р надоштааст, ки аз Русия берун биравад. Асноди шиносоии окои Искандаров дар дасти макомоти Русия аст, зеро у аз Маскав дархости панохандаги карда буд. Ба назари окои Атоуллох, боздошти дубораи Мухаммадрузи Искандаров натичаи амали¸ти муштараки нирухои амниятии Русия ва Точикистон аст. Сайфуллох Сафаров ба навбаи худ бар ин назар аст, ки хатто агар давлати Душанбе Искандаровро аз Русия рабуда бошад, боз хам кори дуруст кардааст, зеро боздошт ва мучозоти мучримон аз вазоифи як давлат аст ва нахваи анчоми ин вазифа мухим нест, натича мухим аст. Дар хар сурат макомоти Точикистон бори дигар собит карданд, ки бо пофишори кодиранд мухолифони худро ба кишвар баргардонанд ва ба пушти милахо биншонанд. Яъкуб Салимов – вазири собики кишвар (дохила) ва яке дигар аз ин мухолифон имруз (26 апрел) ба 15 сол зиндон махкум шуд ва ба назари коршиносон, боздошти Искандаров ба макомоти Душанбе дар ичрои барномахояшон кудрату чуръати бештаре хохад бахшид. Аммо шуморе дигар аз сохибназарон бар ин боваранд, ки саркуби физояндаи мухолифон дар Точикистон метавонад равандеро, ки макомоти точик аз он харос доранд, шитоб бахшад. Манзури коршиносон аз он раванд тахаввулоти инкилобгуна ¸ инкилобе вокеъист, ки дар бархе аз кишвархои шуравии пешин иттифок уфтодааст.
[comheader] Комментарии: 0[/comheader]
Омрико аз рузномахои давлатии Точикистон нохушнуд аст
20 Apr 2005
Комбизи Ормон (Kambiz Arman)
Сафорати Омрико дар Точикистон аз интишори "гузориши махрамона"-и мансуб ба Стефен Йонг - сафири Омрико дар Бишкек тавассути "Садои мардум" ва "Чумхурият" - ду рузномаи давлатии Точикистон "шигифтзада" ва нохушнуд аст. Сафорати Омрико дар Душанбе рузи чахоршанбе (20 апрел) бо интишори ба¸нияе шадид-ул-лахн аз макомоти давлати Точикистон хостааст, ки бо мавзеъи худро дар ин маврид расман эълом дорад.
Читать дальше...
[comheader] Комментарии: 0[/comheader]
Гадобачахои точик ва «Инкилоби кадрй»-и Радиои Озодй дар Точикистон
07 Feb 2005
Фармонхои ахири раиси чумхури Точикистонро дар бораи тагйироти кадрй баъзе аз расонахои хабарии хоричй, хоса Радиои Озодй «инкилоби кадрй»(15.01.2005) номидаанд, ки тафсири мазбур ва хосатан аз тарафи расонаи америкой, ки худро муродифи демократия ва хукуки инсон медонад, табассуми малехи мутахассисони умури Оси¸и Ми¸наро дар Гарб ва дохили кишвар барангехтааст.
Читать дальше...
[comheader] Комментарии: 25[/comheader]
Давлати Точикистон хостори кунтрули бештар бар хоричихост
15 Apr 2005
Комбизи Ормон (Kambiz Arman)
Вазорати хоричаи Точикистон дар икдоме гайримунтазира аз хамаи ниходхои диплумотик ва созмонхои хоричии мустакар дар ин кишвар хост, ки тамоми тамосхои худ бо фаъолони си¸си ва ичтимоъии махаллиро аз пеш ба ин вазоратхона иттилоъ диханд.
Читать дальше...
[comheader] Комментарии: 0[/comheader]
Аскар Окоев Омрикоро муттахам мекунад
02 Apr 2005
Комбизи Ормон (Kambiz Arman)
Дар холе ки авзоъ дар Киргизистон тадричан ру ба оромиши комил аст, дастгоххои давлат ба фаъолияти мучаддад пардохтаанд ва масъулони умур дар ин кишвари Оси¸и Ми¸на мушаххас шудаанд, Аскар Окоев - раиси чумхури барканоршудаи Киргизистон бо пешниходи имзои номаи истеъфо дар Русия мувофикат кардааст.
Читать дальше...
[comheader] Комментарии: 4[/comheader]
НАЗАРИ ТАХЛИЛГАРОНИ СИ¨СЙ ДАР РОБИТА БА ХАВОДИСИ КИРГИЗИСТОН
25 Mar 2005
Хабарнигор: Дустони гироми! Тавре ки шумо огохй доред, дар чумхурии хамсояамон Киргизистон мухолифони режими Аскар Акаев дар як хуруши нисбатан ором шахри Бишкек пойтахти ин чумхуриро тасарруф намуда, Парламенти Киргизистон барои чилавгирй аз хаводиси бадтар раиси чумхури муваккатро муаррифй кардааст. Дар ин бора мо бо рузноманигор мухтарам Хасан¸р вокеъ дар шахри Торонто тамос хосил намуда, назари эшонро чуя шудем, ки бо хам мехонем.
Читать дальше...
[comheader] Комментарии: 1[/comheader]
|